Дар доираи лоиҳа механизми пешниҳоди муроҷиатҳо ва шикоятҳо амал мекунад, ки ба ҳар шахси манфиатдор имкон медиҳад муроҷиат, пешниҳод ё шикояти худро вобаста ба татбиқи лоиҳа пешниҳод намояд.
Тартиби пешниҳод
- тавассути шакли электронӣ дар ҳамин сомона;
- тавассути почтаи электронии махсус;
- тавассути хатти боварӣ;
- бо роҳи муроҷиати хаттӣ ба суроғаи ГТЛ;
- тавассути дафтари муроҷиатҳо дар маҳалли иҷрои корҳо.
Мӯҳлатҳои баррасӣ
- бақайдгирӣ — дар давоми 2 рӯзи корӣ;
- баррасӣ ва ҷавоб — то 15 рӯзи корӣ;
- муроҷиатҳои мураккаб — то 30 рӯзи корӣ бо огоҳонидани муроҷиаткунанда.
Муроҷиати беном низ қабул ва баррасӣ карда мешавад. Маҳрамияти маълумоти муроҷиаткунанда кафолат дода мешавад.
Ҳуҷҷатҳои иҷтимоӣ
Нақшаи ҷалби ҷонибҳои манфиатдор
Тартиби иттилоотонӣ, машваратҳои ҷамъиятӣ ва бозгашти алоқа.
Ҳуҷҷатҳои иҷтимоӣ