Сомонаи расмии лоиҳа · Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Навсозии низомҳои обёрӣ» Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Бо дастгирии молиявии Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд (ХАСР)

Дар бораи лоиҳа

Баланд бардоштани самаранокии низомҳои обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд (ХАСР) Созишнома дар бораи пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои ХАСР барои маблағгузории лоиҳаи «Навсозии низомҳои обёрӣ» ба имзо расониданд.

Татбиқи лоиҳа аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) амалӣ карда мешавад, ки дар заминаи воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва беҳдошти замин»-и назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи лоиҳа

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани самаранокии низомҳои обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазифаҳои асосӣ

  • барқарорсозӣ ва навсозии стансияҳои насосии массивҳои калон;
  • таъмини боэътимоди обрасонӣ ба заминҳои обёришаванда;
  • кам кардани хароҷоти неруи барқ барои обкашӣ;
  • таъсиси иқтидорҳои муосири хизматрасонии техникӣ;
  • баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа.