Сомонаи расмии лоиҳа · Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Навсозии низомҳои обёрӣ» Гурӯҳи татбиқи лоиҳа Бо дастгирии молиявии Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд (ХАСР)

Ҷузъҳои лоиҳа

Ҷузъҳои лоиҳа — Баланд бардоштани самаранокии низомҳои обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 Ҷузъ 1

Навсозӣ ва барқарорсозии стансияҳои насосӣ

Навсозӣ ва барқарорсозии стансияҳои насосии СНО-1, СНО-2 ва СНОДВ дар массивҳои калони ноҳияи Зафароботи вилояти Суғд, аз ҷумла: корҳои сохтмонию васлкунӣ ва ба истифода додани насосҳо, муҳаррикҳои барқӣ ва қубурҳои фишорноки нав; таҷҳизонидан бо таҷҳизоти зарурии барқӣ ва механикӣ; автоматикунонии низоми ҳисоби истеъмоли неруи барқ ва об; хизматрасониҳои лоиҳакашӣ ва назорати муаллифӣ; хизматрасониҳои муҳандис-Машваратчӣ оид ба назорат.
2 Ҷузъ 2

Таъсиси колоннаи механиконидашудаи сайёр ва таҷдиди базаи хизматрасонии техникӣ

Таъсиси колоннаи механиконидашудаи сайёр ва таҷдиди базаи хизматрасонии техникӣ (автобазаи АБЗО) бо таҷҳизонидан барои хизматрасонӣ ва истифодабарии низомҳои обёриву дренажӣ, аз ҷумла: корҳои сохтмонию васлкунӣ ва ба истифода додани автобаза; харидории мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоти нави зарурӣ; хизматрасониҳои лоиҳакашӣ ва назорати муаллифӣ; хизматрасониҳои муҳандис-Машваратчӣ оид ба назорат.
3 Ҷузъ 3

Баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ

Баланд бардоштани иқтидори институтсионалии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва манфиатгирандагони лоиҳа, аз ҷумла гузаронидани барномаҳои таълимӣ, паҳн намудани донишҳо ва чорабиниҳои дигари ба тақвияти иқтидори кадрӣ нигаронидашуда.
4 Ҷузъ 4

Идоракунии лоиҳа

Идоракунии лоиҳа, аз ҷумла ҷалби машваратчӣ барои амалӣ намудани мониторинги сохтмон ва расонидани дастгирӣ ба ГТЛ дар ҳамоҳангсозии ҳаррӯзаи иҷрои корҳо оид ба татбиқи лоиҳа.